Мусодираи наздики 50 кило маводи нашъаовар дар пойтахт

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар наздики 50 кило воситаҳои нашъадори сахттаъсири навъҳои «героин» ва «афюн»-ро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, коркарди ахборотҳои оперативӣ ва доир намудани амалиёти саривақтӣ имкон дод, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кӯшиши нашъаҷаллобонро монеъ шуда, ба ҳаракатҳои ҷиноии як гурӯҳи нашъаҷаллобон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир нуқта гузоранд.

Гумонбарони ин ҳолати ҷиноӣ шаҳрванд Шоиков Шодӣ Занҷирбекович, соли таваллудаш 1983, Ёрбеков Артур Ёдгорович, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ҳарду зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки бо амалӣ намудани нақшаи ҷиноӣ миқдори калони воситаҳои сахттаъсири нашъадорро ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид намудаанд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуданд.

Таҳти назорати оперативӣ қарор додани ҳаракати воситаи нақлиёти тамғаи «Нива», аломати қайди давлатиаш 3499АА04, ки миқдори қалони воситаҳои нашъадорро аз шаҳри Хоруғ ба ҳудуди шаҳри Душанбе интиқол дода, дар ҳудуди пойтахт ҳангоми аз автомашинаи мазкур ба дигар воситаи нақлиёт бор намудани 4 адад қуттии картонӣ, бо навиштаҷоти «Шоҳона» гумонбарон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.

Зимни азназаргузаронии дохили қуттиҳои мусодирашуда, 47 адад бастаҳои селофании ранги зардчатобдошта ошкор ва мусодира карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки вазни умумии маводҳои мусодирашуда 47 килограмму 690 грамм буда, миқдори махсусан калони он, аз ҷумла 45 килограмми онро воситаи сахттаъсири навъи «героин» ва наздики 3 килограмми онро воситаи нашъадори навъи «афюн» ташкил медиҳад.

Кӯшиши нашъаҷаллобон ин навбат бебарор анҷомида, кормандони милитсия канали ба ҳудуди пойтахт интиқолдиҳандаи маводи муҳаддирро маҳв ва нафарони ба ин ҷиноят алоқамандро муайян карда истодаанд.

Феълан оиди ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, гумонбаршудагон Шоиков Шодӣ ва Ёрбеков Артур дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...