Путин бори чорум сарварии давлати Русияро ба дӯш гирифт

Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими савгандёдкунии Путин рӯзи 7 май дар Қасри бузурги Кремл баргузор шуд. "Русия бояд замонавӣ ва ҳамеша дар ҳаракат бошад. Бояд ба ҳамаи таҳдиду хатарҳои замон ва посухи ҷиддӣ додан ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маросими савгандёдкунии Путин рӯзи 7 май дар Қасри бузурги Кремл баргузор шуд.

"Русия бояд замонавӣ ва ҳамеша дар ҳаракат бошад. Бояд ба ҳамаи таҳдиду хатарҳои замон ва посухи ҷиддӣ додан ба онҳо омода бошад, то тавонад раҳбарии худро дар бахшҳое, ки ба таври анъанавӣ нирӯмандем, густариш диҳад", – гуфт Путин ҳангоми савгандёдкуниаш.

"Сахт бовар дорам, ки ин гуна ҷаҳиш танҳо ҷомеаи озодеро таъмин хоҳад кард, ки тамоми навгонӣ ва пешоҳангиро пазируфта, аз таассубгароӣ, ноадолатӣ, беҳаракатии бюрократӣ ва ҳамаи чизҳое, ки боиси ақибмондагии мардум мешаванд, дур хоҳад сохт", – изҳор дошт сарвари давлати Русия.

Дар маросими мазкур панҷ ҳазор одам, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузорӣ, додгоҳӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин бори нахуст дар он ихтиёриёне иштирок карданд, ки дар ситоди интихоботии Путин фаъолият доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.