Тақдими ҳадяпулии Пешвои миллат ба собиқадори ҷанг дар Гулистон

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии ҷанг Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Сарвари давлат табрик намуда, ба собиқадор ҳадяпулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Гуфта мешавад, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии Раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз тавлид ёфтааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват мешавад, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид иштирок дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...