Тақдими ҳадяпулии Пешвои миллат ба собиқадори ҷанг дар Гулистон

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии ҷанг Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Сарвари давлат табрик […]

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон иштирокчии ҷанг Воҳид Самадови 94-соларо аёдат намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҳматулло Файззода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Сарвари давлат табрик намуда, ба собиқадор ҳадяпулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Гуфта мешавад, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, туҳфапулии Раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз тавлид ёфтааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват мешавад, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид иштирок дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.