Таҷлили солгарди навбатии ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Суғд

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Рўзи Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рўзгор, барору комёбӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

– Санаи 9 май дар таърих ҳамчун рўзи ёдбуди қурбониёни ҷанг ва намунаи қаҳрамонии бемисли халқ то абад боқӣ хоҳад монд. Зеро ин Ғалабаи бузург натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан арзёбӣ мегардад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рўзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштаанд, таҷлил менамояд, – иброз дошт Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки дар ин ғалабаи оламшумул баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо фарзандони бонангу номуси тоҷику тоҷикистонӣ низ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ аз рўзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин, ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллат ба муқобили душман ҷангида, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд. Имрўз хотири 92 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистонро, ки дар майдони ҳарб қурбонии ин ҷанги хонумонсўз шудаанд, дар тамоми гўшаю канори мамлакат ёдоварӣ менамоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷанг яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо маҳсуб ёфта, собиқадорон ҳамасола ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла, ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба 101 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карда шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 4 000 сомонӣ кӯмакпулиҳо тақдим гардид. Илова бар ин, аз номи Раиси вилоят ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва барои ҳар иштирокчии ақибгоҳ 1200 сомонӣ дастрас гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими гулгузорӣ бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.

Ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъол бо гузоштани гулҳои тару тоза бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг эҳтироми бепоёни хешро ба шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баён намуданд.

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо гузашти низомии афсарону сарбозон хотима ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...