Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ба итмом расиданд

Бозиҳои навбатии варзишии Тоҷикистон-2018, ки аз рӯи 11 навъи варзиш доир гардиданд, ба итмом расиданд. Дар доираи ин бозиҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар мусобиқаҳо баргузор шуданд. Дар мусобиқаи дзюдо дар Гулистон Шакармамад Мирмамадов (+100 кг),  Саидҷалол Саидов (100 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг),  Акмал Муродов (81 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (73 кг), Ёқубҷон Боқиев (66 кг), […]

Бозиҳои навбатии варзишии Тоҷикистон-2018, ки аз рӯи 11 навъи варзиш доир гардиданд, ба итмом расиданд. Дар доираи ин бозиҳо дар шаҳрҳои гуногуни кишвар мусобиқаҳо баргузор шуданд.

Дар мусобиқаи дзюдо дар Гулистон Шакармамад Мирмамадов (+100 кг),  Саидҷалол Саидов (100 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг),  Акмал Муродов (81 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (73 кг), Ёқубҷон Боқиев (66 кг), Суҳроб Боқиев (60 кг) ғолиб омаданд.

Дар шаҳри Турсунзода дар мусобиқаи таэквондо WTF миёни духтарон Меҳрубон Сафарова (+67 кг), Манижа Маткаримова (67 кг), Шаҳризода Ҷабборова (57 кг) ва Гулистон Каландарова (49 кг); байни наврасон Гулмурод Сафаров (+87 кг), Фарҳод Неъматов (87 кг), Саидавлиё Саидов (80 кг),  Хуррам  Меҳтаршоев (74 кг), Баҳром Холов (68 кг), Муҳаммадҷон Суннатов (63 кг), Шоҳрух Баротов (58 кг), Муҳаммадзиё Каримов (54 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи баскетбол мунтахаби занони вилояти Суғд ва мунтахаби мардони Душанбе пирӯз шуданд. Наврасони Душанбе ҳам байни писарону ҳам байни духтарон дар мусобиқаи волейбол дастболо шуданд.

Дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ қайд карданд, ки Бозиҳои варзишӣ марҳилаи хуби омодагӣ ба мусобиқаҳои муҳими байнулмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Индонезия маҳсуб меёбанд, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон маротибаи чорум аст, ки баргузор шуда, мусобиқаи муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ дониста мешаванд. Ҳадаф аз баргузории Бозиҳо дарёфти варзишгарони ҷавони болаёқат ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.