Ширкати Арабистони Саудӣ бастаи назоратии саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк»-ро мехарад

Asia-Plus

Дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон мулоқоти раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо раиси Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», иштироки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) дар ҳиссаи саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мавзӯи аслии ин мулоқот буд.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад, – омадааст дар маълумот. – Оид ба ин масъала байни тарафҳо шартномаи пешакӣ ба имзо расид».

Зикр мегардад, ки пас аз шурӯи давраи солимгардонии вазъи молиявии бонк ин аввалин тавофуқест, ки байни бонк ва шарикони хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ дар чунин сатҳ ва ҳаҷм ҳосил мегардад ва он метавонад раванди солимгардонии вазъи молиявии бонкро суръати бештар бахшад.

Ёдрас мешавад, ки Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ қаблан бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқотҳо анҷом дода, оид ба масъалаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуд ва ба саволҳои худ посух гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» аз аввали соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуд.

Ба санаи 1 январи соли 2016 ҳаҷми дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» 530 млн. доллар арзёбӣ мешуданд, ки ҳамон замон тақрибан 20% аз ҳаҷми умумии дороиҳои бонкҳои Тоҷикистонро ташкил медод.

Аввали соли гузашта ҳукумти ҷумҳурӣ баҳри дастгирии молиявӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ҷудо карда, баъди ин 85,9%-и саҳмияҳои ин бонк ба ихтиёри Вазорати молия гузаштанд.

То ин дам 58,89%-и саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» – ба ҶСП «Евразия», 11,65% – ба ҶДММ «Мелодиён», 10,99% – ба ҶДММ «Эҳсон», 7,38% – ба ҶДММ «Медиа Плюс» ва 1,11% – ба ҶДММ «Восток» тааллуқ доштанд.

Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол пешбинӣ шуда, имсол бонк бояд 5%, соли оянда – 20% ва солҳои минбаъда – 25 фоизӣ ин воситаҳоро баргардонад. Ин дастгирӣ 60%-и уҳдадориҳои умумии бонкро рӯйпӯш мекунад, боқимонда – 40 фоизро бонк бояд аз ҳисоби баргардонидани қарзҳо, фурӯши амвол ва ҷалби сармояи иловагӣ рӯйпӯш кунад.

Моҳи ноябри соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошта буд, ки аз оғози соли гузашта ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон беш аз 2,2 млрд. – аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шудааст.

Рӯйхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...