Беларус ба Тоҷикистон таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли ғизоро пешниҳод кард

Asia-Plus

Беларус ба Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ривоҷ бахшида, ҳамроҳ корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис диҳанд.

«Баррасии масъалаи ҳамкории минбаъдаро пешниҳод мекунам. Дар соҳаи истеҳсоли шир мо имкони зиёди таъмин бо ашёи хомро дорем. Ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди шири Беларус бо технологияи худамон ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони беларусӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Қазоқистон омодаем», – изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус Леонид Заятс имрӯз дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки Беларус ҳамчунин ба баррасии имкони таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди гӯшти гов, паранда ва минбаъд зери тамғаи ягона роҳ ёфтан ба бозорҳои дигар кишварҳо низ омода аст.

«Мо ҳамчунин ҷиҳати муосидат ба бунёди комплексҳои ширию молӣ бо таҷҳизоти зарурии истеҳсоли Беларус, таъмин бо чорвои хушзот ва ҳамроҳӣ дар роҳандозии технология то баромадан ба иқтидори лоиҳавӣ омодаем», – овардааст БЕЛТА гуфтаҳои вазири Беларусро.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...