Беларус ба Тоҷикистон таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли ғизоро пешниҳод кард

Беларус ба Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ривоҷ бахшида, ҳамроҳ корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис диҳанд. «Баррасии масъалаи ҳамкории минбаъдаро пешниҳод мекунам. Дар соҳаи истеҳсоли шир мо имкони зиёди таъмин бо ашёи хомро дорем. Ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди шири Беларус бо технологияи худамон ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони беларусӣ […]

Беларус ба Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ривоҷ бахшида, ҳамроҳ корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис диҳанд.

«Баррасии масъалаи ҳамкории минбаъдаро пешниҳод мекунам. Дар соҳаи истеҳсоли шир мо имкони зиёди таъмин бо ашёи хомро дорем. Ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди шири Беларус бо технологияи худамон ва дар ҳамдастӣ бо мутахассисони беларусӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Қазоқистон омодаем», – изҳор доштааст вазири кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус Леонид Заятс имрӯз дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки Беларус ҳамчунин ба баррасии имкони таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди гӯшти гов, паранда ва минбаъд зери тамғаи ягона роҳ ёфтан ба бозорҳои дигар кишварҳо низ омода аст.

«Мо ҳамчунин ҷиҳати муосидат ба бунёди комплексҳои ширию молӣ бо таҷҳизоти зарурии истеҳсоли Беларус, таъмин бо чорвои хушзот ва ҳамроҳӣ дар роҳандозии технология то баромадан ба иқтидори лоиҳавӣ омодаем», – овардааст БЕЛТА гуфтаҳои вазири Беларусро.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.