Донишҷӯи тоҷик – Mister international-2018-и мактаби олии Русия

Date:

Дар Донишгоҳи федералии Шимолу шарқии ба номи М.К.Аммосов озмуни хайрияи зебоӣ ва истеъдод доир гардид.

Миёни донишҷӯён бори нахуст Miss and Mister international-и донишгоҳ интихоб шуда, Комилҷон Нозимов аз Тоҷикистон ба унвони Mister international-и донишгоҳ соҳиб шуд.

Дар озмун 14 нафар намояндагони 10 кишвар ширкат варзида, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими дӯстиву ҳамкории мутақобила байни донишҷӯёни хориҷии муасссисаи таълимӣ унвон мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи донишгоҳ.

Гуфта мешавад, дар озмун расму оин, суруду тарона ва анъанаҳои миллатҳои гуногун намоиш дода шуда, толори баргузори он ба як кошонаи дӯстии халқҳо табдил ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Перизат Чикеева (аз чап) – Miss International-2018

Пас аз андешаронии тӯлонӣ аъзои ҳакамон донишҷӯ аз Тоҷикистон Комилҷон Нозимовро – Mister international – 2018 ва донишҷӯдухтар аз Қирғизистон Перизат Чикееваро – Miss international – 2018 эълон карданд. Дар номинатсияи Ҷаноби Истеъдод (Мистер Талант) низ Комилҷон ғолиб дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...