Ба Тоҷикистон таҳияи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ваъда шуд

Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва эҳтимолияти тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳайат бо раҳбарияти Бонки миллӣ мулоқот карда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, […]

Asia-Plus

Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ҷиҳати омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва эҳтимолияти тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳайат бо раҳбарияти Бонки миллӣ мулоқот карда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои дар сатҳи сифатан нав тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо Хазина изҳори умед карда, ҷиҳати мусоидат дар самтҳои дахлдори низоми бонкӣ омодагии роҳбарият ва воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистонро баён намуд.

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ барои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои барои Тоҷикистон, аз ҷумла БМТ афзалиятнок ҳавасмандӣ ва омодагӣ изҳор намуда, қайд кард, ки ХБА ҷиҳати ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ, ки барои суботи молиявии кишвар ва рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад, инчунин мусоидат ба татбиқи ислоҳот дар сиёсати монетарӣ ва ҳамчунин роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Хазина барои Тоҷикистон талош хоҳад варзид.

Гуфта мешавад, ҳайати ХБА аз санаи 12 то 23 май бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, бо раҳбарияти як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.