Парвоз бо хатсайри Душанбе – Истанбул акнун ҳафтае се маротиба

Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи рушди хатсайрҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе зиёд кард. Аз 20-уми май Сомон Эйр хатсайри Душанбе-Истамбулро ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 5.30 ва парвоз аз Истамбул – 21.30 бо вақти маҳаллӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар доираи барномаи рушди хатсайрҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе зиёд кард.

Аз 20-уми май Сомон Эйр хатсайри Душанбе-Истамбулро ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 5.30 ва парвоз аз Истамбул – 21.30 бо вақти маҳаллӣ мебошад.

Дар ин робита, моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» намояндагии расмии худро дар шаҳри Истамбул таъсис дод. «Ин иқдом дар ҷараёни кори тӯлонӣ бо Туркия бобати даст кашидан аз ҳамкории фосилавӣ, аз байн бардоштани заруриятҳои гуногуни эҷодшаванда ва ҷоннок кардани раванди корӣ ба миён омад», – қайд менамояд Директори генералии ширкат Томас В. Ҳаллам II.

Намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» манфиатҳои ширкат ва мусофиронро дар фурудгоҳ ҳимоя намуда, бо мақомоти ҳокимияти маҳалливу дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкил ва иҷрои парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҳамкориҳои зич ба роҳ монда, ҳамзамон риояи меъёрҳову тартиботи муқаррарнамудаи ширкатро таъмин менамояд ва аз рӯи кори низоми фурӯши интиқолоти ҳавоӣ назорат мекунад.

Айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад,  муваффақона парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.