Раиси Суғд фурӯшандагонро ба амалҳои хайру савоб даъват кард

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода охири ҳафтаи сипаришуда да остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз бозори «Панҷшанбе» ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт – галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори «Панҷшанбе» изҳори нигаронӣ намуда, барои анҷоми корҳои навсозӣ масъулинро вазифадор намуд.

Дар даромадгоҳи бозори мазкур раиси вилоят бо фурӯшандагон ва харидорон сӯҳбат намуда, таъкид кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд бештар амалҳои хайру савобро ба иҷро расонида, барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Гуфта мешавад, зимни боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фисад арзонтар пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода харидорону иштирокдорони ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаворӣ ва сокинонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки ташкили чунин ярмаркаҳо минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ ва то поёни моҳи Рамазон амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...