Раиси Суғд фурӯшандагонро ба амалҳои хайру савоб даъват кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода охири ҳафтаи сипаришуда да остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз бозори «Панҷшанбе» ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт – галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода охири ҳафтаи сипаришуда да остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз бозори «Панҷшанбе» ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт – галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори «Панҷшанбе» изҳори нигаронӣ намуда, барои анҷоми корҳои навсозӣ масъулинро вазифадор намуд.

Дар даромадгоҳи бозори мазкур раиси вилоят бо фурӯшандагон ва харидорон сӯҳбат намуда, таъкид кард, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як шахс бояд бештар амалҳои хайру савобро ба иҷро расонида, барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад.

Гуфта мешавад, зимни боздид аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба нархҳои бозор 20-30 фисад арзонтар пешниҳоди сокинон намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода харидорону иштирокдорони ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаворӣ ва сокинонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки ташкили чунин ярмаркаҳо минбаъд ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ ва то поёни моҳи Рамазон амалӣ карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.