То 3 рӯз дароз шудани муҳлати бақайдгузорӣ дар давраи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол

Asia-Plus

Шаҳрвандони Русия ва хориҷиёне, ки дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 аз 25 май то 25 июл ба шаҳрҳое меоянд, ки дар онҳо бозиҳои чемпионат баргузор мешаванд, бояд дар маҳалли будубош дар муҳлати 3 рӯз худро ба қайд гузоранд.

Қаблан ин муҳлат як шабонарӯз муқаррар шуда буд, ки сарусадоҳои зиёд ба бор овард, зеро маълум набуд, ки дар ин муддати кӯтоҳ мақомоти ВКД корҳои марбут бо шумори зиёди омадагон ва навбатпойиҳо барои бақайдгириро чӣ гуна анҷом медиҳанд. 

Ин мушкилот ҳам мухлисон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ/муҳоҷиронро нигарон карда буд, ки ба ин шаҳрҳо барои кор ё анҷоми дигар амалҳо меомаданд.

Дар портали Маълумоти ҳуқуқӣ амри №214-и аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин баимзорасида аз 12 май «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Амри Президенти Федератсияи Русия аз 9 майи соли 2017, №202 «Дар бораи хусусиятҳои истифодаи тадбирҳои пурзӯри амниятӣ дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 ва Ҷоми конфедератсия FIFA 2017» нашр шуд.

Мувофиқи он давраи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018 дар муддати 3 (се) рӯз аз замони омадан ба маҳалли будубош сурат мегирад. Ёдрас мекунем, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018 дар 11 шаҳри Русия – Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург баргузор шуда, маҳз дар ҳамин шаҳрҳо қоидаи қайд дар муддати 3 шабонарӯз ҷорӣ мешавад. Ба дигар шаҳрҳои боқимонда, ҳамчунин вилоятҳои Маскав ва Ленинград ин қоида дахл надорад.

Ғайр аз ин, бо ин амр президент уҳдадориҳои қайди шаҳрвандонро натанҳо ба дӯши Шуъбаҳои минтақавии масоили муҳоҷирати РВКД Русия, балки Марказҳои бисёрсоҳавии «Ҳуҷҷатҳои ман» (Мои документы) вогузор кард. Пешбинӣ мешавад, ки ин тадбир бояд ба ҷараёни бақайдгирии шумори зиёди хориҷиён, ки дар рӯзҳои баргузории чемпиоант ба Русия меоянд, ба таври назаррас суръат бахшад.

Амали Амр КОМИЛАН ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Русия дахл дорад.

Дар шабакаи телеграми Сарраёсати масоили муҳоҷирати Русия қайд мешавад, ки ҳамаи хориҷиён дар муддати 3 рӯз аз замони омадан ба ин 11 шаҳри Русия бояд худро ба қайд гузоранд (ҳатто бо доштани созишномаҳои байниҳукуматӣ, доштани РВП ё ВНЖ).

Ба диққати касоне, ки аллакай худро ба қайд гузоштаанд: агар Шумо макони зист ё будубошатонро иваз накунед, ин Амр ба Шумо дахл надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...