Таъсиси ду корхонаи нав дар заминаи ширкати «Барқи тоҷик»

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешаванд.

«Тавассути азнавташкилдиҳӣ таҳти идоракунииии «Барқи тоҷик» Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад», – омадааст дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мувофиқи ин санад, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ в аидораи амволи давлатӣ дастур дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» масъалаҳои навсозии ҷамъиятҳоро ҳаллу фасл намуда, «ба фаъолият оид ба интиқол ва тақсимоти барқ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти барқии марбут ба ин самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир созанд».

Вазорати энергетика дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» ва Кумитаи андоз дар муҳлати се моҳ бояд ҳуқуқҳои амволӣ ва уҳдадориҳои ҷамъиятҳои зикршударо муайян намуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки дар муҳлати се моҳ ба ҳукумат дар бораи ба мутобиқат овардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қарори мазкур пешниҳодҳо омода гардида, масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта пурра ҳал шавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» соли 2018 ба нақша гирифта шуда, он аз се марҳила – тиҷоратикунонӣ (солҳои 2011-2013), рақобатпазирӣ (солҳои 2014-2015) ва хусусигардонӣ (солҳои 2016-2018) иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...