Таъсиси ду корхонаи нав дар заминаи ширкати «Барқи тоҷик»

Ҳукумати Тоҷикистон ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешаванд. «Тавассути азнавташкилдиҳӣ таҳти идоракунииии «Барқи тоҷик» Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад», – омадааст дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ. Мувофиқи ин санад, ба Вазорати энергетика ва захираҳои […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешаванд.

«Тавассути азнавташкилдиҳӣ таҳти идоракунииии «Барқи тоҷик» Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад», – омадааст дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мувофиқи ин санад, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ в аидораи амволи давлатӣ дастур дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» масъалаҳои навсозии ҷамъиятҳоро ҳаллу фасл намуда, «ба фаъолият оид ба интиқол ва тақсимоти барқ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти барқии марбут ба ин самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир созанд».

Вазорати энергетика дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» ва Кумитаи андоз дар муҳлати се моҳ бояд ҳуқуқҳои амволӣ ва уҳдадориҳои ҷамъиятҳои зикршударо муайян намуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки дар муҳлати се моҳ ба ҳукумат дар бораи ба мутобиқат овардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қарори мазкур пешниҳодҳо омода гардида, масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта пурра ҳал шавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» соли 2018 ба нақша гирифта шуда, он аз се марҳила – тиҷоратикунонӣ (солҳои 2011-2013), рақобатпазирӣ (солҳои 2014-2015) ва хусусигардонӣ (солҳои 2016-2018) иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...