Қарзи хориҷии Тоҷикистон қариб 20 миллион доллар кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли равон қариб ба миқдори 20 млн. доллар кам шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ба санаи 1 апрели соли 2018 маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд. 859,7 млн. доллар (аввали сол – 2 млрд. 879 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ наздики 2,7 млрд. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 32 млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистонҳудуди 100 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 87,3 млн. доллар – ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 7 млн. доллар – ба Чин ва боз 4,1 млн. доллар – ба Бонки исломии рушд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Эксимбонки Чин мебошад, ки ҳаҷми он беш аз 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.

Қаблан чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон дар бозорҳои молии байнулмилалӣ миқдори навбатии вомбаргҳо (евробонд)-и давлатиро ба маблағи умумии 500 млн. доллар барои фурӯш гузоштааст. Аммо дар Вазорати молия ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки вазорат чунин коғазҳои қиматнокро ҳоло ҳатто нашр ҳам накардааст.

Аввали соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 40,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар ва аз ҳудуди ниҳоии муқарраршуда зиёд шуд.

Дар мавриди ин масъала мебояд зикр намуд, ки баъди ин мақомоти расмии ҷумҳурӣ Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзро бозбинӣ намуда, лимити (ҳадди) қарзи номиналии хориҷии кишварро аз 40 то ба 60% боло бурданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда зимни таҳлили пардохтпазирии кишвар аз ҷониби қарздиҳандагон нақши калидӣ дорад.

Дар инфографикаи мазкур доир ба қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон маълумот дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...