Афзоиши сеяки муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Тӯли 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 395 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2017 давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол ҳаҷми муомилот 350 млн. доллар афзудааст. Ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 395 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2017 давоми моҳҳои январ-апрели ҳамин сол ҳаҷми муомилот 350 млн. доллар афзудааст.

Ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 332 млн. долларо ташкил додааст, ки қариб 12% (35 млн. доллар) нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли гузашта бештар аст.

Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи 1 млрд. 62 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 42% ё худ 315 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Ҳамин тариқ, касри тавозуни савдо давоми моҳҳои январ-апрели соли равон 731 долларро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани воридот аз ҳисоби содирот аз 39,7% дар соли гузашта то ба 31,2% дар соли равон коҳиш ёфтааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, тайи 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия беш аз 310 млн. долларро ташкил додааст.

Ҳамчунин ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Қазоқистон (268 млн. доллар) ва Чин (202 млн. доллар) низ дохил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.