Дар Гран-прии Ҷопон Дилшод Назаров чорум шуд

tojiki

Дар мусобиқаи силсилаи Гран Прии варзиши сабук дар шаҳри Осакаи Ҷопон гурзандозии маъруфи тоҷик Дилшод Назаров зинаи чорумро касб кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75,01 метр ҳаво дод.

Гуфта мешавад, ҷои якумро дар ин қувваозмоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон, варзишгари Лаҳистон (Полша) Павел Файдек бо натиҷаи 78,51 метр сазовор гашт. Бенсе Ҳалаз аз Маҷористон (Венгрия) бо натиҷаи 77,24 метр ҷои дуюм, Войсеч Новиски – варзишгари дигари Лаҳистон бо натиҷаи 76,66 метр ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даҳгонаи беҳтарин Сергей Маргиев (Молдова, 74,11), Михаил Анастасакис (Юнон, 73,80), Марсел Ломинский (Словакия, 72,90), Каниҳиро Сумӣ (Ҷопон, 69,82), Юдай Кимура (Ҷопон, 67,61), Ник Миллер (Британияи Кабир, 66,55) ҷой гирифтанд.

Соли гузашта Дилшод Назаров дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ дар Ҳиндустон гурзро ба масофаи 76 метру 69 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард. Ин пирӯзии чоруми Дилшод Назаров дар чемпионатҳои Осиё буд. Қаблан ӯ солҳои 2009, 2013 ва 2015 ба ин комёбӣ даст ёфта буд.

Пеш аз мусобиқаи хотимавӣ Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро варзишгари беҳтарини қораи Осиё эълон кард.

Давоми соли 2017 қаҳрамони олимпӣ чандин маротиба ба ҷоизахои мусобиқаҳои байнулмилалӣ зери сарпарастии IAAF Hammer Throw Challenge соҳиб шуд.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров – 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ба бузургтарин дастоварди худ – медали тиллои бозиҳо шарафёб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...