Дар Гран-прии Ҷопон Дилшод Назаров чорум шуд

Дар мусобиқаи силсилаи Гран Прии варзиши сабук дар шаҳри Осакаи Ҷопон гурзандозии маъруфи тоҷик Дилшод Назаров зинаи чорумро касб кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75,01 метр ҳаво дод. Гуфта мешавад, ҷои якумро дар ин қувваозмоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон, […]

Дар мусобиқаи силсилаи Гран Прии варзиши сабук дар шаҳри Осакаи Ҷопон гурзандозии маъруфи тоҷик Дилшод Назаров зинаи чорумро касб кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75,01 метр ҳаво дод.

Гуфта мешавад, ҷои якумро дар ин қувваозмоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон, варзишгари Лаҳистон (Полша) Павел Файдек бо натиҷаи 78,51 метр сазовор гашт. Бенсе Ҳалаз аз Маҷористон (Венгрия) бо натиҷаи 77,24 метр ҷои дуюм, Войсеч Новиски – варзишгари дигари Лаҳистон бо натиҷаи 76,66 метр ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар даҳгонаи беҳтарин Сергей Маргиев (Молдова, 74,11), Михаил Анастасакис (Юнон, 73,80), Марсел Ломинский (Словакия, 72,90), Каниҳиро Сумӣ (Ҷопон, 69,82), Юдай Кимура (Ҷопон, 67,61), Ник Миллер (Британияи Кабир, 66,55) ҷой гирифтанд.

Соли гузашта Дилшод Назаров дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гурзандозӣ дар Ҳиндустон гурзро ба масофаи 76 метру 69 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард. Ин пирӯзии чоруми Дилшод Назаров дар чемпионатҳои Осиё буд. Қаблан ӯ солҳои 2009, 2013 ва 2015 ба ин комёбӣ даст ёфта буд.

Пеш аз мусобиқаи хотимавӣ Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро варзишгари беҳтарини қораи Осиё эълон кард.

Давоми соли 2017 қаҳрамони олимпӣ чандин маротиба ба ҷоизахои мусобиқаҳои байнулмилалӣ зери сарпарастии IAAF Hammer Throw Challenge соҳиб шуд.

Рекорди шахсии Дилшод Назаров – 80.71 метр мебошад, ки ба ин нишондиҳанда дар шаҳри Халл (Олмон) моҳи майи соли 2013 ноил гардида буд.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ба бузургтарин дастоварди худ – медали тиллои бозиҳо шарафёб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.