Яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикани бепул ба кӯдакони Хуҷанд рӯзи 1 июн

Дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳанг ва истироҳати «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд ба кӯдакон бепул яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан дода шуда, ҳамчунин хизматрасонии ройгони аттраксионҳо роҳандозӣ мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси Хуҷанд, дар машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баррасӣ шуда, таъкид […]

Asia-Plus

Дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳанг ва истироҳати «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд ба кӯдакон бепул яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан дода шуда, ҳамчунин хизматрасонии ройгони аттраксионҳо роҳандозӣ мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси Хуҷанд, дар машварати кории мақомоти шаҳрдорӣ масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки ин ду ид дар сатҳи баланди ташкилӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вилоятӣ ташкил ва гузаронида шавад.

Ба масъулини сарраёсати ободонӣ супориш дода шуд, ҷиҳати тозаву обод ва хуррамнамоии мавзеъи «Наврӯзгоҳ» бо соҳибмулки он тадбирҳо андешанд. Ҷиҳати ташкили атраксионҳои нав, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон, шиногоҳ, азнавсозии системаи чароғонкунии «Наврӯзгоҳ», ташкили «Боғи ҳайвонот», ҳафтае ду маротиба баргузории барномаҳои консертӣ дар дохили боғ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо назардошти рӯзи 1 июн, баргузор гардидани  тантанаҳои асосии Рӯзи кӯдакон дар боғи «Наврӯзгоҳ» ҷиҳати ташкили ройгони яхмосу обҳои ташнашикан ва химатрасониҳои атраксионҳо ба шахсони дахлдор дастур дод.

Ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ иттилоъ дода шуд, ки бояд 1 июн обутобгоҳи соҳили дарёи Сир ба истифода дода шавад. Ҷиҳати ба сомон расонидани корҳои боқимондаи сохтмонӣ масъулин муваззаф гардиданд. Аз ҷумла, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин доир ба ташкили таҷҳизоти корбарии шиногоҳ (пляж) бо шумули бехатарии он, чароғонкунии атрофии он, ҳуҷраҳои шустушӯй, ивази сару либос, ташкили мизи тенис, обҳои ташнашикан ва ғайра дастурҳо дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.