Бонки Эсхата: мизоҷ ва нақлиёти аввал аз рӯи лизинг!

Иттилоияи расмӣ

Ба наздикӣ Бонки Эсхата хизматрасонии нави “Лизинг”-ро пешкаши мизоҷонаш намуд, ки ҳадафи асосии он ҳангоми иҷро кардани амалиётҳои лизингӣ молу мулк барои истифодабарии муваққатӣ ба мизоҷ супорида мешавад, аммо нисбат ба иҷораи муқарарӣ, истифодабаранда ҳуқуқ дорад дар оянда соҳиби моли лизингӣ шавад.

«Пас аз оне, ки оиди хизматрасонии нави “Лизинг” бохабар гаштам, дарҳол барои худ қарор кардам, ки ин роҳи дуруст ва кулай барои беҳтар кардани ҷараёни фуруши фаъолияти тиҷоратии ман аст.

Бароям шахс ё муассисаи миёнарави боэътимод ва боварии комил барои дар вақти муайянкардашуда гирифтани маблағи харидуфуруш лозим буд.

Ба Бонки Эсхата муроҷиат кардам ва маълумоти бароям заруриро фахмида гирифтам. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки харидуфурӯши навбатиии нақлиёти боркашониро ба воситаи Бонки Эсхата ба расмият медарорам” – гуфт Акмалҷон Раҳимов – соҳибкоре, ки аз соли 2005 бо таҳвили нақлиёти боркашонӣ машғул буда, 10 сол мешавад, ки бо Бонки Эсхата ҳамкорӣ дорад.

«Имрӯз аввалин харидуфурӯши нақлиёти боркашониро ба воситаи Лизинг дар амал татбиқ менамоям, ният дорам дар оянда низ маҳз бо ҳамин восита корҳои тиҷоратиамро ба роҳ монам».

Мизоҷи аввалини Бонки Эсхата, ки тариқи Лизинг нақлиёти боркашониро соҳиб мешавад, Мухторов Мақсуд мебошад. Мизоҷ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз  соли 1996 фаъолият карда, бо боркашонӣ машғул аст.  

“Одатан ман нақлиёти калони боркашониро ба муҳлати муайян аз шахсони воқеъӣ ба иҷора мегирам, лекин ҳолатҳое мешаванд, ки иҷорадеҳ метавонад дар вақти барояш даркорӣ созиши моро қатъ намуда, нақлиётро бозпас гардонад. Ё барои дароз кардани муҳлати иҷораи нақлиёт розӣ нашавад, ки ҳамаи ин ба ҷараёни корам халал мерасонад. Лизинг барои ман роҳи ҳалли ин гуна муаммоҳо гаштааст. Зеро акнун ман метавонам бе ягон шубҳаву хавотирӣ корамро пеш бурда, аз ҳама муҳимаш дар вақти ба охир расидани муҳлати лизинг соҳиби нақлиёт шавам. Барои Бонки Эсхата миннатдорӣ баён менамоям».

Равиши ба расмиятдарории созишномаи лизингӣ дар  вазъияти тантанавӣ дар Идораи амалиётии Бонки Эсхата дар шаҳри Хучанд бо такдим кардани тӯҳфаҳои хотиравӣ баргузор гардид. Сипас ҷараёни доду гирифти нақлиёт бо иштироки мизоҷ, шахси таҳвилкунанда ва намояндагони Бонки Эсхата барпо шуд, ки қадами нахустин аст баҳри пешравӣ дар самти нав.

Агар Шумо ё хешовандону дӯстони Шумо дар фикри харидорӣ кардани нақлиёти боркашонӣ бошед, пас лизинг аз Бонки Эсхата  бароятон қулай аст.

Мутахассисони мо омода ҳастанд, ки тӯли ҷараёни барасмиятдарорӣ то ба даст овардани нақлиёт мизоҷонро машварату дастгирӣ намоянд.

Лизинг аз иҷораи муқаррарӣ бартарӣ дорад! 

Барои маълумоти муфассал ба рақами кӯтоҳи 808 занг занед, ё аз пайванди зерин истифода баред  http://eskhata.com/for_entities/lizing/

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...