Парвандаи «Умед-88» ба баррасии суд фиристода шуд

Парвандаи роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ба баррасии Суди олии Тоҷикистон фиристода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар доданд, парванда ҳафтаи гузашта ирсол шуда, ояндаи наздик мурофиаи судӣ оғоз мегардад. Дар Агентӣ аз ифшои моддаҳое, ки нисбати роҳбари ширкат мурофиа сурат мегирад, худдорӣ варзиданд. Дар ҳамин […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Парвандаи роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ба баррасии Суди олии Тоҷикистон фиристода шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар доданд, парванда ҳафтаи гузашта ирсол шуда, ояндаи наздик мурофиаи судӣ оғоз мегардад. Дар Агентӣ аз ифшои моддаҳое, ки нисбати роҳбари ширкат мурофиа сурат мегирад, худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Суди олии ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намуданд, ки оид ба парвандаи Раҷабалӣ Одинаев дар фурсати наздиктарин маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

Раҷабалӣ Одинаев санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Нисбати Одинаев мутобиқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқ), 292 (саркашӣ аз пардохти андоз ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, муддати 4 сол аст, ки ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.