Тавлиди тифл ва иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистон ба Оиша

Шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон Оиша, ки аз Сурия ба Ироқ оварда шуда буд,  се рӯз пеш тифли навзод ба дунё овард. Ояндаи наздик модару тифл ба Тоҷикистон бармегарданд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи ҳукми суди Ироқ, баъди 40-рӯза шудани тифл, Оиша ҳамроҳи кӯдакаш метавонад ба ватан баргардад. […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон Оиша, ки аз Сурия ба Ироқ оварда шуда буд,  се рӯз пеш тифли навзод ба дунё овард. Ояндаи наздик модару тифл ба Тоҷикистон бармегарданд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи ҳукми суди Ироқ, баъди 40-рӯза шудани тифл, Оиша ҳамроҳи кӯдакаш метавонад ба ватан баргардад.

Бино ба маълумоти Вазорат, чанд рӯз қабл боз 4 кӯдаки тоҷик аз Сурия тариқи хатсайри ҳавоии Истанбул – Душанбе ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Аз ифшои ному насаби кӯдакон «ба хотири ояндаи онҳо» худдорӣ варзида шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик боз якчанд нафар кӯдакони тоҷикистонӣ, ки ҳамроҳи волидонашон ба Сурия рафта буданд, ба ватан баргардонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш чор нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Инҳо бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 шабакаи телевизионии Russia Today хабар дод, ки Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд.

Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.

«Нигоҳубини фарзандони ӯ – Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, – хабар дода будд аз қавли Оиша манбаъ. – Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».

Баъдан котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки хешовандони ин кӯдакон ёфт шуда, Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе мебошанд, ки се сол қабл нахуст ба Маскав ва аз он ҷо ба Ироқ рафтаанд.

Зимнан зикр гардида буд, ки Илҳомиддин Аслонов ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.