Фармоиши Президент доир ба озмуни интихоби беҳтарин лоиҳаи боғи «Истиқлолият»

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фармоишро ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар асоси ин фармоиш тартиб ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ карда шуданд.

Гуфта мешавад, дар Тартиб ҳадафу мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шартҳо ва талаботи озмун ва дигар муқаррарот муайян гардидаанд.

Қайд мешавад, ки боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 29,0 гектар ҷойгир карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода карда шуда, дар сомонаашон гузошта шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://www.tajsohtmon.tj/) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Барои дастрасии маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии [email protected] пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...