Баррасии ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуд. Дар ин робита, қайд карда шуд, ки “инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд”.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Федератсияи Росия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2017 гардиши мол байни ду кишвар беш аз нуҳсад миллион доллари америкоиро ташкил карда буд.

Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба – муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.

Президенти Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия инчунин ба таври муфассал масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои муштараку самараноки минбаъдаро дар ин самт махсус таъкид карданд.

Зимни мулоқоти судманд ба масъалаи фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим бо забони русӣ, бахусус ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Россия ва дар доираи татбиқи созишномаҳои қаблан имзошуда, ба афзоиш додани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар ин самт бояд раванди дар Тоҷикистон бунёд кардани панҷ мактаби таълими забони русӣ аз ҷониби Россия ҷоннок карда шуда, шумораи муаллимони русии ба Тоҷикистон фиристодашаванда афзун гардад.

Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба маънидод карда шуд. Дар ин самт таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир равона гардид.

Президенти Тоҷикистон натиҷаҳои хуби ҳамкории муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории тарафайнро дар соҳаи амният зарур шумурд.

Дар фарҷоми мулоқоти судманд ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ ба манфиати ҳар ду кишвар иброз доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...