Имкони раҳбарии якумрии Нурсултон Назарбоев ба Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон

Палатаи болоӣ ё худ Сенати порлумони Қазоқистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунеро қабул кард, ки ба президент Нурсултон Назарбоев ҳақ медиҳад, як умр Шӯрои амнияти миллии ин кишварро раҳбарӣ кунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи ин тағйиру иловаҳо, мақоми Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ тағйир хоҳад […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Палатаи болоӣ ё худ Сенати порлумони Қазоқистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунеро қабул кард, ки ба президент Нурсултон Назарбоев ҳақ медиҳад, як умр Шӯрои амнияти миллии ин кишварро раҳбарӣ кунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи ин тағйиру иловаҳо, мақоми Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ тағйир хоҳад ёфт.

Ин лоиҳаи қонунро як ҳафта пеш палатаи поёнии порлумони Қазоқистон ба тасвиб расонд. Он ба Назарбоев ҳамчун президенти нахустин ва соҳиби унвони “Пешвои миллат” иҷозат медиҳад, ки раиси якумрии Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон бошад ва ҳамчунин бар пояи он, президенти нави ин кишвар дар назди раиси шӯро ҳисоботдиҳанда хоҳад буд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои амниятро президенти Қазоқистон дар мувофиқа бо раиси шӯро интихоб мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки ниҳоди нави конститутсионии Қазоқистон бо мақсади ҳифзи суботи сиёсии дохилӣ, сохти конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллии Қазоқистон дар арсаи ҷаҳонӣ роҳандозии сиёсати ягонаи давлатиро дар бахши амнияти миллӣ ва тавонмандии дифоӣ ҳамоҳанг хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.