ВКД: боздошти боз 4 тан аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Чор тан аз аъзои гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз ҷониби сохторҳои қудратии Тоҷикистон дастгир шуданд.

Дар гузориши телевизионии чанде қабли барномаи «Сипар – Ахбори ВКД» дар ин робита зикр шуд, ки онҳо ба гумони даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти ВКД, боздоштшудагон инҳоянд: Ҳусейн Ҷавови 31-сола, собиқ узви ҲНИТ ва Назриддин Ноибови 36-сола, таҳсилкардаи мактаби олии динии Покистон, ҳарду истиқоматкунандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва зодагони ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ ва сокинони шаҳри Душанбе – Саъдоншо Назарови 39-сола ва Алишер Ҳасанбекови 40-сола, инҳо ҳам зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ.

«Давоми солҳои 2014-2015 онҳо ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Акбаршо Нусратшоеви 45-сола, ки зери итоати Абдуҳалим Назарзода қарор дошту айни замон мавриди пайгард қарор дорад, шомил мешаванд. Ҳар моҳ аз ҷониби ҲНИТ ба онҳо аз 400 сомонӣ то 100 доллар кумакпулӣ медодаанд. Ба онҳо ваъда додаанд, ки то Муҳиддин Кабирӣ зинда аст, ба онҳо кумакпулӣ дода шуда, ҳамчунин онҳо бояд ба ҳолатҳои ғайриинтизор омода бошанд», – қайд шуд дар гузориш.

Дар барномаи телевизионӣ ҳамчунин зикр гардид, ки маҷлисҳои пинҳонии онҳо дар хонаи Акбаршаоҳ Нусратшоев дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдоншо Назаров дар Душанбе баргузор мешудаанд.

Ёдрас мекунем, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ҳамла намуд. Сипас Назарзода ва ҷонибдорони мусаллаҳи ӯ дар дараи Ромит, воқеъ дар 50 километриии шаҳри Душанбе паноҳ бурданд.

Амалиёти аз байн бурдани ин гурӯҳ аз 4 то 16 сентябр идома ёфта, дар натиҷа худи генерал ва муовини ӯ, полковник Ҷунайдулло Умаров ва ҳамчунин 25 аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуда, беш аз 200 нафар дастдоштагон ба исён боздошт шуданд.

Моҳи августи соли 2016 Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар ошӯби собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҳамаи аломатҳои табаддулоти давлатӣ ҷой доштанд.

Бино ба маълумоти прокурори генералӣ, аз рӯи далели даст задан ба исёни мусаллаҳона нисбати ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, нисбати 170 нафарашон аллакай ҳукми айбдорӣ содир шудааст.

«Ғайр аз ин, аз рӯи далели даст доштан ба ошӯб 25 нафар аъзои ХНИТ низ маҳкум шуда, дар мурофиаҳои судӣ гуноҳи айбдоршавандагон пурра исботи худро ёфт», – таъкид дошта буд прокурори генералӣ.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ин ошӯби мусаллаҳона 14 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳалок ва 19 тан захмӣ шуда, дар маҷмӯъ шумори кушташудагон 52 нафарро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...