Бунёди нахустин нерӯгоҳи атомии Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30 май бо мудири кулли ширкати “Росатом” Алексей Лихачев мулоқот кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Мирзиёев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои Ӯзбекистону Русия дар бахши истифодаи нирӯи атомӣ, аз ҷумла ҷузъиёти тарҳи сохтмони нирӯгоҳи атомиро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад дар ин росто ҳамчунин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 30 май бо мудири кулли ширкати “Росатом” Алексей Лихачев мулоқот кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Мирзиёев, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои Ӯзбекистону Русия дар бахши истифодаи нирӯи атомӣ, аз ҷумла ҷузъиёти тарҳи сохтмони нирӯгоҳи атомиро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад дар ин росто ҳамчунин масоили омода кардани мутахассисони миллӣ ва таъсиси ширкати миллие низ баррасӣ шуд, ки минбаъд масъули рушди тарҳ дар кишвар ва масоили марбут ба сармоягузории мешавад.

Қайд мешавад, ки намояндагони ширкати русӣ бори дигар омодагии худро барои шарикии стратегӣ бо Ӯзбекистон дар сохтмони нирӯгоҳи атомӣ баён доштанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар ин мулоқот макони сохтмони Нирӯгоҳи атомии Ӯзбекистон муайян карда шуда, нахустин нирӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ бунёд хоҳад шуд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки барои баррасии тарҳи бунёди нирӯгоҳи атомӣ дар Ӯзбекистон ду гуруҳи давлатӣ таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.