Суғд: кумаки моддӣ ба 7600 оилаи ниёзманд дар моҳи Рамазон

Дар вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, ҳукумати ин минтақа тасмим гирифтааст, ки ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонад. Гуфта мешавад, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ – 475, Ашт – 572, Бобоҷон Ғафуров – […]

Дар вилояти Суғд ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, ҳукумати ин минтақа тасмим гирифтааст, ки ба 7600 оила, шахсони яккаву танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонад.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ – 475, Ашт – 572, Бобоҷон Ғафуров – 925, Бӯстон – 66, Гулистон – 138, Деваштич – 631, Зафаробод – 257, Истаравшан – 908, Исфара – 552, Истиқлол – 25, Конибодом – 594, Куҳистони Мастчоҳ – 87, Мастчоҳ – 400, Панҷакент – 920, Спитамен – 206, Хуҷанд – 473, Ҷаббор Расулов – 276 ва Шаҳристон – 95 оила ва шахсони ниёзманд аёдат карда шуда, ба он кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, расонида мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нақшаи аёдати оилаҳои камбизоат ва шахсони низёманд тасдиқ гардида, тақсимоти кӯмакҳои моддӣ дар шаҳру ноҳия идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.