Филм наворбардорӣ карданиед? Пас марҳабо ба «My vision»

Иттилоияи расмӣ

Дар чорчӯбаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии симои Тоҷикистон дар хориҷа қабули номзадҳо барои  ширкат дар озмуни Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision», ки аз 7-уми июл то 1-уми сентябри соли 2018 баргузор мегардад, эълон карда мешавад. “Ин лоиҳа бо дастгирии Муассисаи Давлатии «Тоҷикфилм», бо дастгирии техникии Сафорати Британия Кабир дар Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи Синамогарони Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Лоиҳа ба самти баланд бардоштани донишҳои касбӣ оид ба синамоофарӣ дар байни тоҷикистониёни синни 18-35 сола, махсусан шахсоне, ки дар соҳаи синамо ва дигар соҳаи ВАО фаъолият мекунанд, инчунин ба таври мусбӣ муаррифӣ кардани симои кишвар тавассути офаридани  филмҳои ҳуҷҷатӣ марбут ба мероси фарҳангии гуногунранг ва инсоншиносии Тоҷикистон равона карда шудааст. 

Тавре ки директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир РАҲМОН қайд намуд: «Точикистон айни замон ба кинематографияи муосир ниёз дорад ва вазифаи Тоҷикфилм аз он иборат мебошад, ки ҳарчи бештар идеяҳои нав ва фановарӣ дастгирӣ карда шавад, то ки обрӯву эътибори Точикистон дар хоричи кишвар баланд бардошта шавад ва инчунин ба соҳаи синамо мутахассисон ҷалб карда шаванд ва кадрҳои нав тарбия карда шаванд»

Ҷаноби Хю ФИЛПОТТ, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон хамчунин иброз доштааст, ки барои ӯ шарафи бузург аст, ки ин лоиҳаро Сафорат дастгирӣ намудааст. “Дар давоми кори худ дар Тоҷикистон, ман бо бисёр ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод шинос шудам, ки бо дастгирии хурд ва рӯҳбаландӣ, метавонанд ба мувафаққиятҳои бузург ноил гарданд. Умедворам, ки ин лоиҳаи хурд ҷавононро дар соҳаи синамосозӣ тайёр менамояд, то ки аз таърихи бойи визуалии Тоҷикистон истифода баранд ва ин мамлакати зеборо ба дунё муаррифӣ намоянд. Мамлакате, ки ман медонам ва нисбаташ ишқи хосса пайдо намудам», – иброз доштааст ӯ.

Номзадҳо бояд барои баланд бардоштани дониш ба чунин самтҳо аз ҷумлаи коргардонӣ кардани филми ҳуҷҷатӣ, филмноманависӣ, коргардонии овоз, ҳунари операторӣ, танзимгарӣ, васл, ороиши бадеии филм мароқ зоҳир намоянд. Барнома табодули таҷрибаро бо мутахассисони касбии соҳаи синамо аз Тоҷикистон ва коргардонҳои хориҷии филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ мекунад.

Барои ширкат намудан дар лоиҳа пур кардани дархост  ва пешниҳод кардани синопсис оид ба филми ҳуҷҷатӣ,  ки номзад нақшаи дар чорчӯбаи мактаб ба навор гирифтани онро дорад, зарур аст. Афзалият ба дархостҳое дода мешавад, ки онҳо ба ҷанбаҳои гуногуни мероси  фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон равона карда шудаанд ва тавассути онҳо биниши асили муаллиф нишон дода мешавад. Ҳунармандони лоиҳа ба иштирокчиён ҷиҳати мутобиқ намудани лоиҳаҳо ва амалӣ кардани онҳо дар сатҳи касбӣ ёрӣ медиҳанд.

Илова бар омӯзиши коргардонҳо, лоиҳа амалӣ кардани филмҳоро дастгирӣ менамояд ва инчунин кӯмак барои пешрафт пешниҳод менамояд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пур кардани дархост нигаред ба сомонаи: http://dushanbemyvision.com/

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...