Ширкатҳои суғурта дар Тоҷикистон як адад кам шуд

Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қатъи фаъолияти ширкати «Суғуртаи Наҷот» хабар дод. Дар робита ба анҷоми қатъи муҳлати амали иҷозатномаи ширкат ба роҳандозии фаъолияти суғуртавӣ, Раёсати Бонки миллӣ санаи 29 майи соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул намуд. Дар маълумоти Бонки миллӣ қайд мешавад, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта […]

Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қатъи фаъолияти ширкати «Суғуртаи Наҷот» хабар дод.

Дар робита ба анҷоми қатъи муҳлати амали иҷозатномаи ширкат ба роҳандозии фаъолияти суғуртавӣ, Раёсати Бонки миллӣ санаи 29 майи соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул намуд.

Дар маълумоти Бонки миллӣ қайд мешавад, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор оид ба хориҷ намудани ҶДММ “Суғуртаи Наҷот” ворид карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ин бозор наздики 20 субъекти гуногун фаъолият доранд, ки дутоашон – КВД «Тоҷиксуғурта» ва ШДС «Тоҷиксармоягузор» давлатӣ мебошанд.

Байни ширкатҳои хусусӣ «Ориён иншуренс», «Муин», «Труд», «Имдод», «Мадад иншуренс» ва «Эсхата групп» ширкатҳои нисбатан фаъол дар бозори суғурта мебошанд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон суғуртаи субъект ва иншоот аз рӯи 43 навъи фаъолият пешбинӣ шудааст.

Ҳозир дар бозор бештар ба чунин навъҳои суғурта, аз қабили суғуртаи амвол, суғуртаи шахсӣ, суғуртаи масъулият ва суғуртаи ҳаёт афзалият дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".