«Гулистон» ба истеҳсоли сарулибоси варзишии Umbro оғоз кард

Ширкати дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол саҳм гузошт. Чанде қабл ширкат як миқдори зиёди сарулибоси варзиширо бо тамғаи дар ҷаҳон маъруфи Umbro ба Русия фиристод. Акнун маҳсулот бо ин тамға мунтазам дар корхона истеҳсол хоҳад шуд. – Пас аз танаффуси тӯлонӣ аз соли гузашта бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба […]

Ҳайдар ШОДИЕВ, Asia-Plus

Ширкати дӯзандагии «Гулистони Душанбе» дар омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол саҳм гузошт.

Чанде қабл ширкат як миқдори зиёди сарулибоси варзиширо бо тамғаи дар ҷаҳон маъруфи Umbro ба Русия фиристод. Акнун маҳсулот бо ин тамға мунтазам дар корхона истеҳсол хоҳад шуд.

– Пас аз танаффуси тӯлонӣ аз соли гузашта бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, ба қабули фармоишҳо оғоз намудем, – мегӯяд директори генералии корхона Дилшод Бегов. – Ин ба бозгашти кормандони зиёд ба кор аз рухсатии бемуҳлат имкон дод. Агар соли гузашта шумори кормандони корхона каме бешар аз 50 нафарро ташкил медод, пас имрӯз ба 120 нафар расид. Аз моҳи июл то декабри соли гузашта ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки асосан аз фармоишҳо ба сарулибоси мактабӣ ва махсус иборат буданд.

Ба гуфтаи директори генералии Гулистони Душанбе», яке аз дастовардҳои назарраси корхона гирифтани иҷозатномаи истифода аз тамғаи Umbro дар тайёр кардани сарулибоси варзишӣ маҳсуб меёбад.

– Гуфтушунидҳо дар ин хусус чандин моҳ ҷараён доштанд. Мо ба роҳбарони ширкатҳо исбот карда тавонистем, ки корхона ва устоҳои он аз уҳдаи истеҳсоли сарулибоси хушсифат бо тамғаи Umbro мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва талаботи ин ширкат ба хубӣ мебароянд.

Зимнан зикр гардид, ки семоҳаи аввали соли равон дар корхонаи «Гулистони Душанбе» миқдори аввали сарулибос бо тамғаи Umbro истеҳсол шуда, онро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ ширкати русиягии «АВМ Sport» харидорӣ кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар корхона 16 навъи сарулибоси гуногун истеҳсол мешавад. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар дохили кишвар маҳсулоти корхона ба маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ ба фурӯш рафта, аз ин корхона 64 ҳазор сомонӣ даромад гирифт. То охири сол истеҳсоли маснӯот ба маблағи то 7 млн. сомонӣ – 2,5 млн. барои содирот ва 4-4,5 млн. сомонӣ барои фармоишҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.