Гумонбарии муовини вазири энергетикаи Қазоқистон ба фасодкорӣ

Бакитҷон Ҷаксалиев, муовини вазири энергетикаи Қазоқистон бо гумони фасодкорӣ боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба Агентии умури хизмати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Қазоқистон, Нурлан Жахин, як масъули ниҳоди мазкур гуфтааст, Ҷаксалиев дар соли 2015 қонуншиканӣ кардааст. Гуфта мешавад, вай аз мақоми давлатиаш сӯистифода […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бакитҷон Ҷаксалиев, муовини вазири энергетикаи Қазоқистон бо гумони фасодкорӣ боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо истинод ба Агентии умури хизмати давлатӣ ва мубориза бо фасоди Қазоқистон, Нурлан Жахин, як масъули ниҳоди мазкур гуфтааст, Ҷаксалиев дар соли 2015 қонуншиканӣ кардааст.

Гуфта мешавад, вай аз мақоми давлатиаш сӯистифода карда, манфиатҳои ширкати пудратчии "Аймак ва К"-ро бароварда сохтааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, Ҷаксалиев ба ин тартиб, ба давлат бештар аз 2,5 миллион доллар зарар овардааст.

"Ҷаксалиев санадҳои иҷрошавии корҳоро ба маблағи 863 миллион танга имзо кард, дар ҳоле, ки медонист ин нишондод аз арзиши аслӣ 30 маротиба бештар аст", – изҳор доштааст Нурлан Жахин.

Зимнан хотиррасон мешавад, ки Бакитҷон Ҷаксалиев аз соли 2014 ба ин тараф муовини вазири энергетикаи Қазоқистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.