Сокини 9-миллионаи Тоҷикистон ба манзили худ омад

Волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни тифли хуштолеъ дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ дар таваллудхона тақдим гардида буд. Тифли 9 миллионаи […]

Asia-Plus

Волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни тифли хуштолеъ дар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ дар таваллудхона тақдим гардида буд.

Тифли 9 миллионаи Тоҷикистон, ки номашро Насбиба гузоштанд, соати 06-30 дақиқаи субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷонова мебошад.

Назира Муллоҷонова дорои маълумоти олӣ буда, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вазифаи мутахассис фаъолият мекунад. Фарзанди дуюми ӯ аҳолии  кишварро ба 9 миллион нафар расонид.

Назира Муллоҷонова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омаданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзғор таъмин карда шуданд.

Хонаи истиқоматӣ барои волидайни тифли 9-миллионаи Тоҷикистон дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 ҷудо карда шуд.

Волидайни тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд арзи сипос намуданд. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.