Худкушии сокини Туркманистон баъди се дафъа кӯшиши бебарори парвоз ба Туркия

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон баъди он ки се бор аз парвоз ба Туркия баргардонида шуд, худкушӣ кард.

"Сокини ноҳияи Акдепи вилояти Дашоғуз се мартаба аз сафар ба Туркия баргардонида шуд. Баъди он ки ба вай гуфтанд, ҳаргиз иҷозаи парвоз ба Туркияро намедиҳанд, вай наздики соати 1 шаб дар дарахти хонааш худро овехт", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сарчашмаҳо.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар нимаи дувуми моҳи апрел рух дода, аммо танҳо ҳоло оммавӣ гардид. Сокине, ки худкушӣ кард се дафъа бо пули қарз билети парвоз ба Истамбулро харидааст. Вай натавонист қарзашро баргардонад ва билохира худкушӣ кард.

"Вазъи молии вай бисёр бад буд, наметавонист ғизои кӯдаконашро таъмин кунад ва лавозимоти мактабиро харад. Вай барои фурӯхтан низ ҳеч ашёе надошт ва наметавонист маблағи қарзро баргардонад, бинобар ин худкушӣ кард", – нақл мекунанд шоҳидон.

Ба гуфтаи наздикони сокини вилояти Дашоғуз, вай дар номае пеш аз худкушиаш навиштааст, ки аз бекориву нодорӣ хаста шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.