Худкушии сокини Туркманистон баъди се дафъа кӯшиши бебарори парвоз ба Туркия

Як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон баъди он ки се бор аз парвоз ба Туркия баргардонида шуд, худкушӣ кард. "Сокини ноҳияи Акдепи вилояти Дашоғуз се мартаба аз сафар ба Туркия баргардонида шуд. Баъди он ки ба вай гуфтанд, ҳаргиз иҷозаи парвоз ба Туркияро намедиҳанд, вай наздики соати 1 шаб дар дарахти хонааш худро овехт", – иттилоъ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон баъди он ки се бор аз парвоз ба Туркия баргардонида шуд, худкушӣ кард.

"Сокини ноҳияи Акдепи вилояти Дашоғуз се мартаба аз сафар ба Туркия баргардонида шуд. Баъди он ки ба вай гуфтанд, ҳаргиз иҷозаи парвоз ба Туркияро намедиҳанд, вай наздики соати 1 шаб дар дарахти хонааш худро овехт", – иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сарчашмаҳо.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар нимаи дувуми моҳи апрел рух дода, аммо танҳо ҳоло оммавӣ гардид. Сокине, ки худкушӣ кард се дафъа бо пули қарз билети парвоз ба Истамбулро харидааст. Вай натавонист қарзашро баргардонад ва билохира худкушӣ кард.

"Вазъи молии вай бисёр бад буд, наметавонист ғизои кӯдаконашро таъмин кунад ва лавозимоти мактабиро харад. Вай барои фурӯхтан низ ҳеч ашёе надошт ва наметавонист маблағи қарзро баргардонад, бинобар ин худкушӣ кард", – нақл мекунанд шоҳидон.

Ба гуфтаи наздикони сокини вилояти Дашоғуз, вай дар номае пеш аз худкушиаш навиштааст, ки аз бекориву нодорӣ хаста шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.