Кӯшиши №2. Пардохт бо пули нақдро дар нақлиёти пойтахт тамоман манъ мекунанд

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда мешавад. Ин ҳатмӣ буда, талоши дуюми ҳукуматдорони пойтахт дар мавриди даст кашидан истифодаи пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аст. Аз 1 апрели соли равон барои пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии […]

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда мешавад. Ин ҳатмӣ буда, талоши дуюми ҳукуматдорони пойтахт дар мавриди даст кашидан истифодаи пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аст.

Аз 1 апрели соли равон барои пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт корти ягонаи нақлиётии Citycard ҷорӣ шуда буд, аммо мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки то ҳол мусофирон ҳаққи роҳкироро бо пули нақд пардохт мекунанд.

Шабакаи телевизиони «Душанбе» алллакай ҳафтаи дуюм аст, ки рӯзе чандин маротиба навори рекламавиро бобати истифодаи ҳатмии кортҳои нақлиётии Citycard дар нақлиёти ҷамъиятӣ намоиш медиҳад.

Нархи роҳкирои як маротиба ба автобус нишастан дар Душанбе – 1 сомониву 20 дирам, троллейбус – 1 сомонӣ ва таксиҳои хатгард (маршруткаҳо) – 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Як манбаъ аз КВД «Душанбенақлиётхидматрасон» маълумоти аз 18 июн даст кашидан аз пардохти пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятиро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки айни замон дар 285 троллейбусу автобусҳои шаҳр валидаторҳо (қабулкунандаҳои пардохти роҳкиро) гузошта шудаанд.

«Аз рӯзи душанбеи оянда ният дорем, ки дар истгоҳҳои серодам ихтиёриёнро гузорем, то ки ба мардум афзалияти истифодаи Citycard-ро шарҳ ва чӣ гуна аз он истифода карданро омӯзонанд», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди ин марҳилаи пурра ҷоришавии кортҳои нақлиётӣ, дар маршруткаҳо ҳам валидаторҳо насб шуда, ҳамин тариқ, тамоми низоми нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ба тарзи пардохти ғайринақдӣ гузаронида мешавад.

Кортҳои ягонаи Cityсard-ро метавон дар терминалҳо ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт харидорӣ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.