Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ба шаҳри Маскав сафар мекунад; – Оғози бозиҳои XXI Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари […]

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ба шаҳри Маскав сафар мекунад;

– Оғози бозиҳои XXI Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0870 сомонӣ;

1 евро – 10.6818 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1445 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии донорҳо (хунсупорандагон)

1931 — Бо фармони Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

2000 – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узвии СААД дар Маскав иштирок кард, ки дар он дар бораи таъсиси Нерӯҳои зудамали кишварҳои узви СААД созишнома ба имзо расид.

1932-1995 – Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Ҳаким Маҳмуд.

1939 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Муҳаббат Бобоҷонова.

1944 – Зодрӯзи оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.

1951 – Мавлуди муаррих ва сиёсатшинос Худойбердӣ Холиқназаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +22+27.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.