Таҳсил дар мактабҳои ӯзбекзабони Тоҷикистон

Чанде пеш мо дар бораи мактабҳои тоҷикзабон дар Ӯзбекистон гузориш таҳия карда будем, ки шумори онҳо дар кишвари ҳамсоя 245 адад муайян карда шуд. Ии хабар бисёре аз хонандагонро хурсанд кард, зеро тайи чанд соли охир овозаҳое ҷой доштанд, ки дар Ӯзбекистон гӯё қариб ҳар рӯз фаъолияти даҳҳо мактабҳои тоҷикзабон қатъ мешавад. Ин дафъа тасмим […]

Дилшод Раҳмонов, махсус барои Asia-Plus

Чанде пеш мо дар бораи мактабҳои тоҷикзабон дар Ӯзбекистон гузориш таҳия карда будем, ки шумори онҳо дар кишвари ҳамсоя 245 адад муайян карда шуд. Ии хабар бисёре аз хонандагонро хурсанд кард, зеро тайи чанд соли охир овозаҳое ҷой доштанд, ки дар Ӯзбекистон гӯё қариб ҳар рӯз фаъолияти даҳҳо мактабҳои тоҷикзабон қатъ мешавад.

Ин дафъа тасмим гирифтем, ки дар бораи вазъи мактабҳои ӯзбекзабон дар Тоҷикистон гузориш таҳия созем ва ба шаҳри Турсунзода раҳсипор гардидем, ки 60%-и аҳолиашро (180 ҳазор нафар) ӯзбекон ташкил медиҳанд.

Гузаштагони сокини маҳаллӣ Дилбар Тағоева ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кӯч бастаанд. Аз рӯзгори ҳозирааш қаноатманд аст, духтарчааш дар мактаби маҳаллии ӯзбекзабони ба номи Алишери Навоӣ таҳсил мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 77 мактабҳои ӯзбекзабон, ҳамчунин 440 мактаби навъи омехтаи таҳсил – бо синфҳои ӯзбекӣ амал мекунанд. Танҳо дар шаҳри Турсунзода 7148 нафар кӯдакон пурра бо забони ӯзбекӣ таҳсил мекунанд.

Муътақидемки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.