ТИКА Душанбе Маркази тавонбахши маъюбон бунёд мекунад

Раёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи Тоҷикистон “Маркази милли тиббии “Шифобахш”” “Маркази тавонбахши маъюбон” бино хоҳад кард. Мувофиқи маълумоти расмии ТИКА, лоиҳа дар ду марҳила гузаронида шуда, дар марҳилаи якум бинои якошёна бо майдони умумии 280 метри мураббаъ дар ҳудуди муайяннамудаи маъмурияти беморхона сохта мешавад ва дар марҳилаи […]

Иттилоияи расмӣ

Раёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи Тоҷикистон “Маркази милли тиббии “Шифобахш”” “Маркази тавонбахши маъюбон” бино хоҳад кард.

Мувофиқи маълумоти расмии ТИКА, лоиҳа дар ду марҳила гузаронида шуда, дар марҳилаи якум бинои якошёна бо майдони умумии 280 метри мураббаъ дар ҳудуди муайяннамудаи маъмурияти беморхона сохта мешавад ва дар марҳилаи дуюм таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои тиббии барои тавонбахшии маъюбон лозима харидорӣ карда мешаванд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ бо мақсади ба даст овардани як маркази тавонбахши маъюбон тибқи стандартҳои байналмилалӣ лоиҳа татбиқ карда мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар маркази таъсисмегардида физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳое ба кор ҷалб карда мешаванд, ки дар хориҷи кишвар дар самти тавонбахшии маъюбон таълим гирифта бошанд.

Илова бар ин, расонидани хизматрасониҳои табобатӣ барои одамони маъюб аз тамоми кишвар, инчунин табобати баъдиҷарроҳии  бемороне, ки дар клиникаи ортопедии “Маркази милли тиббии “Шифобахш”” ҷарроҳӣ мешаванд, ба нақша гирифта шудаанд.

Протоколи лоиҳа оид ба таъсиси “Маркази тавонбахши маъюбон”-ро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Мете ба имзо расониданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.