Кӯшиши №2. Пардохт бо пули нақдро дар нақлиёти пойтахт тамоман манъ мекунанд

Asia-Plus

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда мешавад. Ин ҳатмӣ буда, талоши дуюми ҳукуматдорони пойтахт дар мавриди даст кашидан истифодаи пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аст.

Аз 1 апрели соли равон барои пардохти маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт корти ягонаи нақлиётии Citycard ҷорӣ шуда буд, аммо мушоҳидаҳо гувоҳи онанд, ки то ҳол мусофирон ҳаққи роҳкироро бо пули нақд пардохт мекунанд.

Шабакаи телевизиони «Душанбе» алллакай ҳафтаи дуюм аст, ки рӯзе чандин маротиба навори рекламавиро бобати истифодаи ҳатмии кортҳои нақлиётии Citycard дар нақлиёти ҷамъиятӣ намоиш медиҳад.

Нархи роҳкирои як маротиба ба автобус нишастан дар Душанбе – 1 сомониву 20 дирам, троллейбус – 1 сомонӣ ва таксиҳои хатгард (маршруткаҳо) – 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Як манбаъ аз КВД «Душанбенақлиётхидматрасон» маълумоти аз 18 июн даст кашидан аз пардохти пули нақд дар нақлиёти ҷамъиятиро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки айни замон дар 285 троллейбусу автобусҳои шаҳр валидаторҳо (қабулкунандаҳои пардохти роҳкиро) гузошта шудаанд.

«Аз рӯзи душанбеи оянда ният дорем, ки дар истгоҳҳои серодам ихтиёриёнро гузорем, то ки ба мардум афзалияти истифодаи Citycard-ро шарҳ ва чӣ гуна аз он истифода карданро омӯзонанд», – қайд кард манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди ин марҳилаи пурра ҷоришавии кортҳои нақлиётӣ, дар маршруткаҳо ҳам валидаторҳо насб шуда, ҳамин тариқ, тамоми низоми нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ба тарзи пардохти ғайринақдӣ гузаронида мешавад.

Кортҳои ягонаи Cityсard-ро метавон дар терминалҳо ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт харидорӣ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.