Қарзи «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 боз 20 млн. доллар афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзи панҷшанбе, 28 июн дар Душанбе Маҷлиси солонаи умумии саҳҳомони ҶСК «НБО Сангтӯда-1» доир гардид. Ба саҳҳомон натиҷаҳои асосии фаъолияти ширкат дар соли 2017 пешниҳод шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.

Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли барқ 1 млрд. 849 млн. кВт/соатро ташкил дод. Моҳи декабри соли 2017 нерӯгоҳ марраи нави навбатӣ – истеҳсоли 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқро аз замони ба кор даромадани агрегати аввали нерӯгоҳ фатҳ намуд.

«Соли 2017 нерӯгоҳ ба ШСХК «Барқи тоҷик ба маблағи 431,1 млн. сомонӣ (бо назардошти ААИ) нерӯи барқ интиқол дода, бо назардошти ҳисобаробаркунии мутақобила 290,9 млн. сомонӣ пардохт шуд, ки на бештар аз 67,5% аз арзиши нерӯи барқи интиқолёфтаро ташкил медиҳад. Соли 2017 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳ 140,3 млн. сомонӣ афзуд ва ба ҳолати 31 декабри соли 2017 – 794,5 млн. сомонӣ ва ба ҳолати охири моҳ майи соли равон – 954,5 млн. сомониро ташкил дод», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, саҳҳомон ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибии солонаи ширкатро аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 тасдиқ намуда, дар бораи пардохти фоида аз даромади тақсимнашудаи солҳои пешин ва қисман аз даромади соли 2017 ба маблағи умумии 115,8 млн. сомонӣ дар муддати 60 рӯз аз замони қабули қарор тасмим гирифтанд.

Моликони саҳмияҳои ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – Корпоратсияи давлатии «Росатом» (60,127%-и саҳмияҳо), Ҳукумати Тоҷикистон (25,001%) ва Ҷамъияти саҳҳомии умумии «Интер РАО» (14,872%) мебошанд.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» то 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...