ҚС: Хатари вуруди мусаллаҳонаи мустақим ба Тоҷикистон вуҷуд надорад

Тоҷикистон бодиққат фаъолшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз итоати Кобулро бевосита назди марзҳои худ пайгирӣ дошта, оид ба таҳкими ҳифзи баъзе қитъаҳо тадбирҳои пешгирикунанда меандешад, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев. «Вазъ дар назди марзҳои худро, бахусус дар самтҳое, ки ҷамъшавии зиёди шахсони мусаллаҳи шомил ба созмонҳои […]

Тоҷикистон бодиққат фаъолшавии гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз итоати Кобулро бевосита назди марзҳои худ пайгирӣ дошта, оид ба таҳкими ҳифзи баъзе қитъаҳо тадбирҳои пешгирикунанда меандешад, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ (ҚС)-и КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев.

«Вазъ дар назди марзҳои худро, бахусус дар самтҳое, ки ҷамъшавии зиёди шахсони мусаллаҳи шомил ба созмонҳои гуногуни ифротгаро ва террористӣ ба мисли ҳаракати «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ба мушоҳида мерасад, мо дақиқкорона пайгирӣ дорем», – таъкид дошт майор Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои ба марз бо Афғонистон сафарбар намудани нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи иловагӣ ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад.

«Нерӯ ва воситаҳои амалкунанда дар сарҳад барои посухи муносиб ба кӯшишҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон кофист», – қайд кард номбурда.

Намояндаи Қушӯнҳои сарҳадӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки хатари вуруди мусаллаҳонаи мустақим аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ин ниҳод низ ният надорад, ки ба сарҳад бо Афғонистон нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар намояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.