Трамп ва Путин 16 июл дар Хелсинки вомехӯранд

Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия – Доналд Трамп ва Владимир Путин 16 июл дар шаҳри Ҳелсинки, пойтахти Финландия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Кремл ва Кохи сафед иттилоъ доданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Кремл гуфтанд, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ИМА ва Русия, ҳамчунин мушкилиҳои байналмилалиро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мулоқоти президентҳои ИМА ва Русия – Доналд Трамп ва Владимир Путин 16 июл дар шаҳри Ҳелсинки, пойтахти Финландия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Кремл ва Кохи сафед иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Кремл гуфтанд, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ИМА ва Русия, ҳамчунин мушкилиҳои байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард.

Рӯзи чаҳоршанбе, баъд аз боздиди мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон аз шаҳри Москва хабар дода шуд, ки Кремл ва Кохи сафед барои вохӯрии раҳбарони ду кишвар ба созиш расиданд.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, саммит эҳтимол аст, нигаронии баъзе аз ҳампаймонони ИМА ва мунаққидони Трампро дар Амрико, ки ӯро ба мусолиҳакорӣ бо Русия айбдор мекунанд, ба бор орад. Худи Трамп борҳо гуфтааст, ки мехоҳад, муносибатҳоро бо Путин муътадил ва Русияро ба ҳалли мушкилиҳои ҷаҳонӣ ҷалб кунад.

Мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия баъд аз саммити НАТО дар рӯзҳои 11-12 июл, сафари Трамп ба Бритониё ва даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Москва баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.