Президент ба тараҳҳуми афроди ихтиёрӣ аз ҷангҳо дар хориҷа баргашта даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд даъват кард, ки ба мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроте чун терроризм ва ифротгароӣ тақвият бахшида шавад. «Дар ҳудуди вилояти Суғд  тайи як солу панҷ моҳи охир қариб 8700 ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти хусусияти эстремистиву террористидошта ошкор карда шудааст, ки […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд даъват кард, ки ба мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроте чун терроризм ва ифротгароӣ тақвият бахшида шавад.

«Дар ҳудуди вилояти Суғд  тайи як солу панҷ моҳи охир қариб 8700 ҷиноят, аз ҷумла 500 ҷинояти хусусияти эстремистиву террористидошта ошкор карда шудааст, ки назар ба солҳои қаблӣ хеле зиёд мебошад», – қайд кард Президент.

Сарвари давлат баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, бахусус миёни ҷавононро муҳим унвон кард, то ки онҳо ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро ва террористӣ ҷалб нашаванд.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ 275 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, 715 нафар, ки чунин ҷиноят содир кардаанд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд, – гуфт Президент. – Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара 154 нафар, Истаравшан 134, Ашт 83, Спитамен 57, Хуҷанд 48, Панҷакент 46, Бобоҷон Ғафуров 39, Ҷаббор Расулов 27, Конибодом 26, Мастчоҳ 22, Зафаробод 20, Бӯстон 15, Истиқлол 13 ва Деваштич 9 нафар мебошанд».

Ӯ аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва фаъолон даъват кард, ки ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шахсоне, ки дар муассисаҳои таълими ба ном динӣ ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд ё дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.

«Дар ин маврид аз имтиёзҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран аз иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашидаанд, васеъ истифода бурда шавад», – хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.