Баъди заҳматҳои нуҳмоҳа вакилони парлумон ба таътил мебароянд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъзи заҳматҳои нуҳмоҳа ба таътил мебароянд, ки се моҳ идома меёбад. «Имрӯз аз фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум натиҷагирӣ мешавад», – изҳор дошт имрӯз раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми палата. Ӯ бар ин назар аст, ки ба вакилони мардумӣ […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъзи заҳматҳои нуҳмоҳа ба таътил мебароянд, ки се моҳ идома меёбад.

«Имрӯз аз фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум натиҷагирӣ мешавад», – изҳор дошт имрӯз раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми палата.

Ӯ бар ин назар аст, ки ба вакилони мардумӣ муяссар шуд, ки баҳри нафъи рушди давлат ва манфиати некӯаҳволии мардум дар самтҳои асосии фаъолияти худ корҳои муҳимро ба сомон расонанд.

Зуҳуров қайд кард, ки тӯли 9 моҳи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи палатаи поёнии парлумон гузаронида шуда, дар ҷараёни он дар баробари масоили тадорукотӣ, 162 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва шумори зиёди созишномаҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.

Рухсатии вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, санаи 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фаъолият мекунанд.

Мувофиқи регламенти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум аввали моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон ба даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумони кишвар дар давраи рухсатии вакилон ҳуқуқ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.