Ҳалокати даҳҳо марзбони афғон зимни ҳамлаи толибон назди марз бо Тоҷикистон

Akhbor.com

Шаби 27 ба 28 июн дар ноҳияи Чоҳиоби вилояти Тахор бар асари ҳамла ба се посгоҳ дастикам 16 тан аз нирӯҳои пулиси марзии Афғонистон кушта ва дуи дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба гузоришҳо, 6 марзбони дигар ғайб зада, гумон меравад, ки ба дасти ҷунбиши Толибон асир афтодаанд. Вулусволии Чоҳиоб бо ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ш.Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Мақомоти вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон аз як шабехуни пурқурбонии ҷангиёни Толибон дар наздикии марз бо Тоҷикистон хабар доданд. Шаби 27 ба 28 август, тақрибан соати 23:30 чирикиҳои Толибон ба се посгоҳи марзбонӣ дар вулусволӣ (ноҳия)-и Чоҳиоб шабехун задаанд.

Салоҳиддин Бурҳонӣ, вакили Шӯрои вилояти Тахор ба хабаргузории олмонии dpa гуфт, дар натиҷаи ин ҳамлаи ғафлатгир дастикам 16 тан аз нирӯҳои пулиси марзӣ кушта шудаанд. Ду пулиси дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

Халил Асир, сухангӯи пулиси вилоят гуфт, се посгоҳ дар деҳаи Навободи вулусволии Чоҳиоб ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Суннатулло Темур, сухангӯи волии Тахор ба ББС гуфт, 6 афсари дигари пулиси марзӣ баъд аз ҳамлаи шаби гузашта беномунишон шудаанд. Гумон меравад, ки чирикиҳои Толибон онҳоро асир гирифтаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон аз номи ин гуруҳ масъулияти ҳамлаи шабона дар Чоҳиобро ба дӯш гирифта, ба дасти Толибон асир афтодани 4 пулиси марзиро тасдиқ кардааст.

Халил Асир мегӯяд, ҷангҳо дар Чоҳи об то ҳол идома доранд: "Ифротиён низ талафоти сангин диданд. Ҳоло ба самти рустои Навобод нирӯҳои изофии Урдуи миллӣ басиҷ карда мешаванд.”

Ноҳияи Чоҳиоб дар қисмати шимолушарқи вилояти Тахор ҷойгир шуда, бо ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод)-и вилояти Хатлон Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Дар ин ноҳияи қаблан ором ҳудуди 100 ҳазор аҳолӣ, аз ҷумла 20 ҳазор дар маркази ноҳия – шаҳраки Чоҳиоб зиндагӣ мекунанд.

Аз 17 вулусволии вилояти Тахор ҳоло 6 вулусволӣ ё ноҳия таҳти назорати Толибон қарор дорад.

Ҳамлаи Толибон ба се посгоҳи марзӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки байни ҳукумати кунунии Афғонистон ва ин ҷунбиши чирикӣ қабл аз иди Рамазон оташбас эълон шуд ва ҳукумат ҳамчун аломати ҳусни ният ба шуморе аз ҷангиёни Толибон иҷозат дод, ки вориди Кобул шаванд.

Ҷунбиши Толибон аз соли 1996 то поёни соли 2001 ҳукумати Афғонистонро дар даст дошт ва дар ин қаламрав меъёрҳои шадиди шариатиро ҷорӣ карда, аз ҷумла таҳсили духтарону кори занон ва ҳамин тавр, мусиқиву рақсро мамнӯъ ва намозро барои ҳама ҳатмӣ карда буд.

Ҳукумати Толибон дар поёни соли 2001 аз ҷониби нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико аз Кобул ронда шуд, вале ҷангиёнаш инак 17 сол боз ба муборизаи мусаллаҳона ба зидди ҳукумати кунунии Афғонистон ва нирӯҳои эътилоф идома медиҳанд.

Афзоиши ҳузури ҷангиёни Толибон ва дигар гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон мояи нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шудааст. Дар байни ин ҷангиён садҳо нафар аз зодагони Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, ки нақшаи ба ин сӯи Омӯ кӯчондани ҷабҳаи ба ном "ҷиҳод”-ашонро дар сар доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...