Ҳалокати 3 нафар дар Файзобод бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш рух дод, се нафар ҳалок ва боз се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи «Газел», сокини 55-солаи шаҳри Роғун Миралӣ Қарҷаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашина тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 32-солаи ноҳияи […]

Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш рух дод, се нафар ҳалок ва боз се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи «Газел», сокини 55-солаи шаҳри Роғун Миралӣ Қарҷаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашина тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ҷароҳатҳои гирифта ронандаи автомашинаи «Газел» ва ду нафар мусофирони он – сокинони Роғун ва ноҳияи Файзобод дар бемористон ба ҳалокат мерасанд.

Зимнан зикр мегардад, ки боз се нафар мусофирони автомашинаи «Газел», ки онҳо ҳам сокинони Роғун будаанд, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.